22:35:29 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИДОВ АСРОРИ БАРКАНОРИИ РАҲМОНОВРО ФОШ КАРД

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири пешини маориф, дар пайи камбудиҳои ҷиддӣ аз мақомаш барканор шудааст. Дар ин бора Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дод.

Абдучаббор РахмоновӮ гуфт, хабарнигорон ҳамеша аз мо мепурсанд, ки чаро Оҷонсӣ вазирону кабиронро боздошт намекунад. “Ҳол он ки агар Оҷонсӣ дар ин маврид далели қотеъ дошта бошад, чаро пайгирӣ нахоҳад кард? Вазири маорифро дар пайи ҳисоботи мо ба сарвари давлат, аз вазифа гирифтанд”,-гуфт ӯ.

Ҷаноби Саидов илова кард, “камбудиҳои ҷиддӣ ва изофанависие, ки дар соҳаи маориф буд, ҳамаи инро мо ба сарвари давлат ҳисобот додем. Баъди ҳамин пешниҳодҳо ва камбудиҳои ҷиддӣ вазири маорфи аз кор рафт. Дар соҳаи маориф дар соли 2011 беш аз 80 ҳолати фасод ошкор шудааст. Дар як ноҳияи Рӯдакӣ дар интернати маъюбон беш аз 300 ҳазор сомонии хусусияти коррупсионӣ дошта фош гардид.”

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон гуфт, дар соли 2011 теъдоди зиёди афроди мансабдорро, ки дар фаосд даст доштанд, боздошт намудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ба ин қатор кормандони додгоҳҳо, додситониҳо, ВКД ва Кумитаи амнияти миллӣ шомиланд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi