05:03:45 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
30          

БАРОДАРИ МУОВИНИ РАИСИ КГБ-И ТОҶИКИСТОН БОЗДОШТ ШУД

Фаридун Умаров дар ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул буд, муттаҳам мешавад. Бино ба гузоришҳо, дар Тоҷикистон як гурӯҳи муташшакили ҷиноиро боздошт кардаанд, ки ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешаванд ва дар миёни онҳо бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон низ ҳаст.

мусодираХабаргузории РБК-и Русия бо такя ба манобеи Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ додааст. Ин хабаргузории русӣ менависад, афсарони Оҷонсии зидди фасод як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро, ки дар сафи он бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ низ шомил будааст, бо иттиҳоми ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намудаанд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як манбаъ дар ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад, низ ин хабарро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, як ҳафта пеш дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон як гурӯҳи ҷиноӣ, ки дар он Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Мансур Умаров нақш доштааст, боздошт шуд.

Хабаргузории РБК менависад, ҳамчунин Зафар Мирзоев, сардори шӯъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири вазорати умури дохилӣ ва Тоҳирхон Шеров, раиси шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе низ дастгир шудаанд.

Ба иттилои ин манбаъ, боздошти ин гурӯҳи муташаккилона замоне имконпазир шуд, ки як қочоқчии маводи мухаддир баъди мусодираи 42 килограм маводи мухаддир аз дасти ӯ гуфтааст, маводро аз Фаридун Умаров дарёфт намудааст.

Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ раҳбарии бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ноҳияи Фархорро бар ӯҳда дошт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi