08:18:32 04-уми Июни 2025 сол

ВАЪДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ФИФА БА РУСТАМ ЭМОМАЛӢ

Ҷозеф Блаттер, президенти ФИФА (Федератсиюни байнулмилалии футбол) бо роҳбарони Федератсиюни футболи Тоҷикистон мулоқот кард. Ин мулоқот дар доираи Ҷоми Иттиҳод-2012 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир шуд.

rustami-emomaliРаҳбари Созмони ҷаҳонии футбол Рустам Эмомалиро ба муносибати ба вазифаи раиси Федератсиюни футболи Тоҷикистон интихоб шуданаш табрик кард. Дар ҷараёни ин мулоқот роҳбарони ФИФА ва ФФТ як қатор масъалаҳоеро, ки ҳарду ҷониб завқманданд, баррасӣ намуданд. Рустам Эмомалӣ роҳи пешгирифтаи ФИФА-ро бо сарварии ҷаноби Блаттер, ки ба рушди минбаъдаи футбол дар тамоми ҷаҳон равона шудааст, ҷонибдорӣ кард.

Ҷаноби Блаттер ваъда дод, ки ба Федератсиюни футболи Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯмак мекунад ва бар асоси барномаи “Гол-2” баҳори имсол сохтмони майдони сунъӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе оғоз меёбад.

Дар ин мулоқот, инчунин, Тйерри Реженасс, мудири ФИФА оид ба созмонҳои миллӣ, Ева Паскйе, менеҷери калон оид ба рушд, Валерий Турсунов, ноиби аввали президенти ФФТ ва Фирдавс Файзуллоев, дабири кулли ФФТ ширкат доштанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854