08:14:20 04-уми Июни 2025 сол

АЛОҚАИ БОЭЪТИМОДИ «МЕГАФОН» ДАР РӮЗҲОИ ҶАШН

Сарбории анъанавии шабака асосан дар рӯзҳои ҷашнӣ афзоиш меёбад. Дар арафаи чунин рӯзҳо миқдори зангҳо, паёмакҳо (SMS) ва MMS-ҳо ба маротиб зиёд мешавад, ки барои операторони алоқаи кандуӣ ба санҷиши махсус мубадал мешавад.

Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ зангҳои воридотӣ дар шабакаи "МегаФон" тақрибан шаш миллион сабт шудааст. Миқдори SMS-ҳо бошад, ба нишонаи рекордӣ, тақрибан се миллион расид. Барои шабакаи 3G шаби соли нав "санҷиш барои устуворӣ" буд - ҳаҷми трафик зиёда аз якуним миллион МВ –ро ташкил дод. Зангҳои овозӣ тақрибан ба 4 миллион занг расиданд.

Дар тӯли соли 2011 дар шабака васеъгардонии зарурии каналҳои алоқа амалӣ шуда, захираи ҳамаи пайвандҳои асосӣ ва шоҳроҳи алоқа, инчунин системаи тартиби таъминоти барқии коммутаторҳо ва истгоҳҳои базавӣ аз назар гузаронда шуд.

Кори зиёде оиди сохтумон ва ба истифода додани исгоҳҳои нави базавии стандартҳои 2G ва 3G ба амал оварда шуд. Ҳамаи ин чорабиниҳо ба ширкати «МегаФон» имконият доданд, то дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ аз иҷрои сарбории зиёд ба хубӣ барояд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854