17:27:00 25-уми Августи 2025 сол

ВАЗИРИ МАОРИФ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ШУД

Имрӯз бо фармонҳову амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйиротҳои кадрӣ сурат гирифт.

Аз ҷумла, Абдуҷаббор Раҳмонов, ки қаблан вазири маориф буд, ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ба вазифаи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаёт Одинаев, ки қаблан ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ба вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ба вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Бобохон Маҳмадов ба вазифаи директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ