14:42:15 01-уми Июли 2025 сол

БАРНОМАҲОИ БОР БО ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Бонки Осиёии Рушд барои се соли оянда ба Тоҷикистон бештар аз 215 миллион доллар қарз медиҳад. Ҷоҷӣ Токешӣ-намояндаи ин бонк дар Тоҷикистон гуфт, барномаҳои ҳамкории бонки мазкур барои солҳои 2012-2014 бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамоҳанг шудааст.

Ҷоҷӣ Токешӣ ба матбуот гуфтааст, ин маблағ барои кӯмак ба зербинои мавҷуда, беҳбуди таъмини барқ ва барои рушди бахши хусусӣ ба масраф хоҳад расид. Токешӣ гуфтааст, соли оянда таъмири роҳи Айнӣ-Панҷакент то марзи Узбакистон вориди барномаҳои ин бонк хоҳад шуд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ