15:36:59 03-уми Июни 2025 сол

ТАЗОҲУРОТИ МУХОЛИФОНИ ИХРОҶИ ТОҶИКОН ДАР МАСКАВ

Полиси Маскав панҷ нафар аз ширкаткунандагони як тазоҳуроти зидди ихроҷи муҳоҷирони тоҷикро боздошт кардааст. Онҳо дар либоси бинокорону кӯчарӯбон бо шиорҳои “Ман тоҷикам - маро депорт кунед” дар назди Хадамоти муҳоҷирати Русия ҷамъ омаданд.

Гуфта мешавад, онҳо асосан намояндагони аҳзобу гурӯҳҳои дастичапӣ ба пайравони тамоюлоти анархистӣ будаанд. Полис замоне ба боздошти тазоҳуркунандагон даст зад, ки онҳо ба рӯфтани кӯчаву раҳрав ва шустани шишаи тирезаҳои Хадамоти федероли муҳоҷират пардохтанд.

Боздоштшудагон ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Басманное интиқол дода шуданд. Дар ин ҷо онҳо барои баргузории тазоҳурот бидуни ризоияти мақомоти давлатӣ огаҳӣ гирифтанд ва озод шуданд. Қарор аст, иқдоми онҳо дар додгоҳ муҳокима шавад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854