09:54:12 03-уми Июли 2025 сол

РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР ХОРУҒ

Рӯзи 24-уми ноябри соли равон дар маркази шаҳри Хоруғ рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон қайд гардид. Бо иштироки тамоми кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ,сарбозони қисми ҳарбии шаҳри Хоруғ паради пуршукӯҳ гузаронда шуд.

/images/stories/2011/11/24_parchan-khorugh1.jpgПарчами давлатиро толибилмони мактабҳо, кормандони идораву муассисаҳо дар даст ҷавлон дода, бо нидоҳои шодиёна аз назди минбар гузаштанд. Имсол дар ин рӯз тамоми ронандагони наклиёти мусофирбар ва ҳатто кисми зиёди шаҳрвандон бо худ парчами миллӣ ҳамл мекарданд. Кӯдакону наврасони бадахшонӣ бо тоқиҳои сурху сабзу сапеди гулдӯзиашон ба ҳусни ин ҷашн ҳусн зам мекарданд.

Алишер Ҷунайдов, Хоруғ барои «Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 25.11.2011 15:39
Mo dar chi khayolu hukumat dar chi khayol. Mo dar ghami muhojiron, hukumat dar ghami parchamu gesu.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ