17:07:21 02-уми Июни 2025 сол

МЕДВЕДЕВ БА КУДРИН ТО ИМРӮЗ ФУРСАТ ДОД, КИ БО Ӯ МОНДА Ё ИСТЕЪФО РАВАД

Президенти Русия Дмитрий Медведев имрӯз ба Алексей Кудрин то охири рӯз фурсат дод, ки аз иҷрои масъулиятҳои таъйини сиёсати иқтисодии Кремлин канор рафтан мехоҳад ё на.

Кудрин, ки дар хориҷа ба унвони кафили эътидоли иқтисодии Русия арзёбӣ мешавад, баъди 11 соли иҷрои салоҳиятҳои вазири молия ахиран дар Вашингтон гуфт, ки дар сурати баъди президент шудани Путин нахуствазир шудани Дмитрий Медведев зери дасти ӯ кор нахоҳад кард.

Кудрин гуфтааст, ки сари чанд масъалаи муҳим бо Медведев ихтилофи назар дорад. Хабаргузориҳо дар нақли қавл аз Медведев гуфтанд, ки “агар Кудрин бо сиёсати президент, ки аз ҷониби ҳукумат иҷро мешавад, розӣ набошад, пас интихоб танҳо истеъфо буда метавонад”. Медведев гуфтааст, ки Кудрин бояд имрӯз посухи худро ба президент диҳад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854