10:02:08 01-уми Июни 2025 сол

ХАБАРИ ҒАСБИ ИСТГОҲИ ОБИ УЗБАКИСТОН РАД ШУД

 

Идораи марзбонии Тоҷикистон хабари вуруди гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба истгоҳи обтақсимкунии «Работ»-и Узбакистон, воқеъ дар Конибодомро рад кард. Муслиҳ Имомқулов, як афсари идораи марзбонии Тоҷикистон, гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ба истгоҳи обтақсимкунии «Работ» ҳуҷум накардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар атрофи ин истгоҳ мардуми маҳаллӣ заминҳои кишт доранд ва ҳаррӯза ба зироатпарварӣ машғӯланд. 

Қаблан хабаргузории русии Регнум бо истинод ба сарчашмаҳои мақомоти Узбакистон иттилое нашр кард, ки тибқи он, гӯиё як гурӯҳи сокинони ноҳияи Конибодом бо роҳнамоии марзбонони тоҷик бе огоҳӣ ба истгоҳи мавсум ба «Работ», ки ба Узбакистон тааллуқ доштааст ворид шудаанд. 

Ба навиштаи Регнум, ин гурӯҳи шаҳрвандон «аз деворҳои истгоҳ лавҳаҳо ва раҳнамоҳои техникӣ бо забони узбакиро кандаанд» ва кормандони онро аз истгоҳ берун кардаанд. 

Истгоҳи обтақсимкунии «Работ» соли 1950 дар ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон бунёд шудааст ва тибқи санадҳои дар даврони Шӯравӣ имзошуда, моликияти Узбакистон маҳсуб мешавад. Ин истгоҳ ба тақсимкунии оби дарёҳои кӯҳӣ ва таъмини заминҳои ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Узбакистон бо об машғул аст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854