15:34:05 01-уми Июли 2025 сол

ГВИНЕЯ-БИСАУ АЗ ҲУЗУРИ МУАММАР ҚАЗЗОФӢ ИСТИҚБОЛ МЕКУНАД

Карлос Гомеси хурдӣ, нахуствазири кишвари Африқоии Гвинея-Бисау, эълом кард, ки дар гароиши Муаммар Қаззофӣ барои иқомат дар ин кишвар аз вай ба гармӣ истиқбол хоҳад шуд.

/images/stories/2011/09/12_gaddafi_12.9.2011.jpgТибқи хабаргузории «Ирно» ба нақл аз расонаҳои русӣ, кишвари Африқоии Гвинея-Бисау бо таваҷҷӯҳ ба равобити танготанге, ки бо Муаммар Қаззофӣ дорад, барои истиқбол аз Қаззофӣ эъломи омодагӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол нашрияи фаронсавие низ гузориш карда, ки Карлос Гомес, нахуствазири Гвинея-Бисау эълом карда, ки равобити кишвараш бо Муаммар Қаззофӣ ҳамчунон танготанг аст ва ба ҳамин далел бо оғӯши боз мизбони вай хоҳад буд.

Нахуствазири Гвинея-Бисау афзуд, ки чунончӣ Муаммар Қаззофӣ тамоил дошта бошад, дар Гвинея мустақар шавад, мо бо оғӯши боз аз вай истиқбол хоҳем кард.

Ҳамчунин ин нашрияи фаронсавӣ дар бахши дигаре аз хабари худ ба ин нуқта ишора карда, ки кишвари Гвинея-Бисау, ки ҳамвора аз назари суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ бо мушкил рӯ ба рӯ аст, яке аз кишварҳои африқоие ҳаст, ки Муаммар Қаззофӣ дар бахшҳои мухталиф аз ҷумлаи меҳмонхонаҳо ва кишоварзӣ сармоягузории бузурге доштааст.  

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ