ЛИБӢ: КОНТРОЛИ АВЗОЪ КОМИЛАН ДАР ДАСТИ ШӮРОИ ИНТИҚОЛӢ АСТ
Раиси иҷроияи Шӯрои миллии интиқолии Либия таъкид кард, ки авзоъи ин кишвар ба таври комил дар дасти нерӯҳои ин Шӯро аст ва онҳо ҳар гуна, ки бихоҳанд, амалиёт хоҳанд кард.
Тибқи хабаргузории «Ирно» ба нақл аз шабакаи хабарии «ТВ 5», Мустафо Абдулҷалил асри шанбе дар суханронияш гуфт, ки ба фармондеҳони нерӯҳои инқилобии мустақар дар маҳал бастагӣ дорад, ки пас аз поёни мӯҳлати ахир барои таслими бидуни хунрезии нерӯҳои вафодор ба диктатори Либия, тасмимгирӣ кунанд.
Вай бо ишора ба ин ки як ҳафтае барои таслим шудани нерӯҳои Қаззофӣ дар шаҳри Сирт ҷумъашаб поён ёфтааст, афзуд: «Онҳо тасмим хоҳанд гирифт, ки чӣ замоне ба пойгоҳҳои тарафдорони Қаззофӣ ҳамла кунанд».
Раиси иҷроияи Шӯрои интиқолии Либия идома дод: «Мо ин ултиматумро як бори дигар тамдид кардем ва кӯшидем роҳро барои ҳаллу фасли мусолиматомез бикушоем. Акнун тасмимро фармондеҳони инқилобӣ мегиранд, ки дар чӣ замоне амалиётро оғоз кунанд».
«Рӯзгор»