17:34:29 01-уми Июли 2025 сол

ТОҶИКИСТОН БА АФҒОНИСТОН НЕРӮИ БАРҚ МЕДИҲАД

Тоҷикистон ба Афғонистон додани нерӯи барқи худро хотима намедиҳад. То имрӯз Тоҷикистон ҳар шабонарӯз ба Афғонистон дар ҳаҷми 15 мегаВатт қувваи барқ медиҳад. «Овозаҳо дар бораи он, ки Афғонистон аз интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон рӯ мегардонад, беасосу бепояанд», - гуфт роҳбари дафтари матбуоти ширкати мазкур.

/images/stories/2011/08/25_barqi-tojik_25.8.2011.jpgМувофиқи суханони манбаъ, баъди пурра анҷом ёфтани сохтмон ва мавриди истифода қарор додани стансияҳои фаръии 220 кВ «Пули Хумрӣ» ва «Қундуз» ҳаҷми интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон меафзояд. Қобили зикр аст, ки бинобар камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон интиқоли барқ ба Афғонистон асосан дар давраи баҳору тобистон сурат мегирад, ки дар ин вақт тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Хотирнишон месозем, ки мувофиқи санади имзошуда дар моҳҳои август - сентябри соли равон бояд ба Афғонистон 45 миллион киловатт – соат нерӯи барқи Тоҷикистон интиқол дода шавад. Қарордоди имзошуда ҳам интиқоли кафолатдор ва ҳам ғайрикафолатдори нерӯи барқро пешбинӣ менамояд.

Тоҷикистон аз рӯи қарордоди кафолатдор ӯҳдадор мешавад, ки ба Афғонистон моҳи август 20 миллион киловатт - соат ва моҳи сентябр 25 миллион киловатт – соат нерӯи барқ интиқол диҳад. Мутобиқи қарордоди ғайрикафолатдор ин рақамҳо таносубан 5 миллион киловатт – соат ва 8 миллион киловатт – соатро ташкил медиҳанд.

Кристина Эрлих, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ