01:16:57 01-уми Июли 2025 сол

БОЗДОШТИ ЯК ҚОЧОҚЧИИ АФҒОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Нерӯҳои интизомии Тоҷикистон мегӯянд як қочоқчии афғонро боздошт ва аз ӯ миқдори зиёди маводди мухаддирро мусодира карданд.

Ба гуфтаи пулиси вилояти Хатлон, маъмурони пулис, рӯзи қабл дар минтақаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод дар марзи муштараки Афғонистону Тоҷикистон як сокини он сӯйи рӯдхонаро боздошт кардаанд. Ба гуфтаи як манбаъи пулис “баъд аз таҳқиқу бозрасии ин фард аз бағочи ӯ 5 килуграм ҳашиш ва 31 килугром бангдона кашф шудааст.”

Масъулони пулиси вилояти Хатлон, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқоти онро барои ифшо кардани ҳамдастони ин шаҳрванди Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон идома додаанд. Масъулон мегӯянд, ки барои халалдор накардани ҷараёни бозрасии ин парванди аз гирифтани номи ин фард худдорӣ мекунанд.

Ин нахустин бор нест, ки шаҳрвандони Афғонистон бо миқдори қобили мулоҳизаи маводди мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон боздошт мешаванд. Ва суоли матраҳ он аст, ки ин афрод чи гуна бо маводди мухаддири зиёд аз марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон ба осонӣ убур кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки масъулони марзбонони тоҷик дар нишастҳои мухталиф аз таҳти кунтрули шадид гирифтани муроқибати марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон ба манзури мубориза бо қочоқчи маводди мухаддир гузориш медиҳанд.

Аммо гузоришҳои расмии кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳокӣ аз боздошти беш аз як тунну 450 килугром маводи мухаддир дар шаш моҳи соли ҷорӣ будааст ва миқдори зиёди ин маводд дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон мусодира шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ