04:08:41 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КУШТА ШУДАНИ КОРМАНДИ ПОЙГОҲИ 201-И РУСИЯ

Вазорати кишвар Тоҷикистон гуфтааст, ки корманди пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бар асари як тасодум ҷони худро аз даст додааст.

Рӯзи ҷумаъи 7 июл, кормандони интизомии ноҳияи Рудакӣ, воқеъ дар ҳумаи шаҳри Душанбе ҷасади як хонумеро бо нишонаҳои марги иҷборӣ пайдо кардаанд. Муҳаммадҷон Нарзиев, масъули дафтари матбуъотии Вазорати кишвари Тоҷикистон рӯзи шанбе, 8 июл дар як суҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки таҳқиқоти муқаддамотии кормандони интизомӣ, ҳуввияти ин зан ва сабаби марги вайро муайян кардаст.

Оқои Нарзиев гуфт: “Мушаххас шуд, ки Елена Кедровская мутаваллиди соли 1965 бар асари тасодум кушта шудааст. Аммо ронандаи утумубил аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. То ҳол муайян шуд, ки тамғаи ин утумубил Маз ва ё Зил буда кормандони бахши вазорати кишвар дар ноҳияи Рудакӣ машғули ҷустучӯйи утумубил ва мушаххас кардани ҳуввияти ронандаи он мебошанд.”

Дар робита ба ин қазия бахши вазорати кишвари ноҳияи Рудакӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқоти он идома дорад. 

Ба гуфтаи масъулони Вазорати кишвари Тоҷикистон, Елена Кедровская корманди додгоҳи низомии пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон буд, ва кормандони зидахли ин пойгоҳ низ барои пайдо кардани афроди муқассир дар ин ҳодиса бо кормандони интизомии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи тасодум баъд аз соъати 12 шаб дар ҷамоъати Ҷимтеппаи ноҳияи Рудакӣ рух дода ва ҷасади хонум Кедровская ҳудуди соъати панҷи субҳ кашф шудааст. Масъулони интизомӣ ҳадс мезананд, ки дар сурати кумаки аввалия ба Елена Кедровская дар соъоти аввали ин ҳодиса хонум Кедровская ба эҳтимоли зиёд ҷони худро аз даст намедод. Ин ҳодиса дар наздикии ноҳияе, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия дар он мустақар аст, рух додааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi