18:31:56 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУҲОҶИРИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ӮЗБАКТАБОР МУТТАҲАМ БА ҚАСДИ КУШТАНИ ОБАМА ШУД

Дар Амрико шаҳрванди 21-солаи Ӯзбакистон Улуғбек Қодировро муттаҳам ба доштани аслиҳаи ғайриқонунӣ ва маводи тарканда, ки борҳо қасд ба куштани Барак Обама доштааст, дастгир намуданд. Дар ин бора рӯзи сешанбе 26 июл сомонаи Аl.com хабар дод.

/images/stories/2011/07/27_ulughbek-kodirov_2011.jpgҚодиров дар таърихи 13 июл дар шаҳри Алабомо баъди оне, ки як тӯфанги автоматикиро аз  агентҳои мақомоти махсуси зери пӯшиши шаҳрванди оддӣ фаъолияткарда мехарад, боздошт мешавад. Пеш  аз ин ҳам Қодиров чандин маротиба бо кормандони вазорати додгустарӣ, ки таҳти  пӯшиш бо ӯ мулоқот мекарданд, эълон намудааст, ки омода аст барои куштани Барак Обама ҳатто ҷони худро қурбон кунад. Ҳангоми боздошт кардани Қодиров аз вай як норинҷаки дастӣ ва як аслиҳае, қи ғайриқонунӣ бо худ дошт, мусодира карда шуд.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ Қодиров тамоми талаботи шариатро ба ҷо меовардааст ва ба гурӯҳҳои тундгаро ҳусни таваҷҷӯҳ доштааст. Ҳамчунин иттилоъ ҳаст, ки ӯ аз сомонаҳое, ки таблиғгари ҷиҳод ҳастанд, пайваста дидан мекардааст.

Дар сурати исбот шудани иттиҳоми ҷой доштани кӯшиҳои таҳдид ба ҷони Барак Обама имкон дорад, ки Қодиров то 20-сол равонаи зиндон шавад. Барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ низ ӯро метавонанд то 10-сол аз озодӣ маҳрум намоянд.

Ба гуфти хабаргузории Фаронса Улуғбек Қодиров бо визаи донишҷӯӣ дар моҳи июни соли 2009  вориди Амрико шудааст. Аз моҳи апрели соли 2010 ӯ дар қаламрави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ғайриқонунӣ зиндагӣ мекардааст.

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi