20:03:23 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САРДАБИРИ "ЗИНДАГӢ" ДАР СОНЕҲА ДАРГУЗАШТ

Қурбоналӣ Хуҷамов, аз рӯзноманигорони шинохта, дар асари як сонеҳаи роҳ дар ноҳияи Панҷакент ҷони худро аз даст додааст. Ба гуфтаи бастагонаш, дар ин ҳодиса, ки рӯзи панҷшанбеи 6 август рух дод, писараш Ромиш ва бародараш Мирзоалӣ низ кушта шудаанд. Ин ҳодиса дар роҳи миёни рустоҳои Навобод ва Колхозчиён рух додааст.

Қурбоналӣ Хуҷамов солиёни зиёде дар Кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон дар симатҳои мухталифе фаъолият дошт. Ӯ аз ҷумла сармуҳаррири Идораи барномаҳои хабарии родию ва мудири бахши ахбори телевизиюн ва муъовини мудири телевизиюни давлатии Тоҷикистон буд. Бархе аз ҳамкорони собиқи оқои Хуҷамов мегӯянд, ки бо омадани вай ба идораи телевизиюн забон ва муҳтавои барномаҳои хабарӣ ба самти беҳтаре тағйир кард.

Вай дар замони бисёр сахту душвор, ки ҷангсолорон ё ба истилоҳ "қумандонҳо" нуфузи густардае дар давлат ва ҷомеъаи Тоҷикистон доштанд, идораи барномаҳои хабарии телевизиюнро ба уҳда дошт ва гоҳу ногоҳ таҳти фишорҳои шадиде қарор мегирифт.

Дар соли 2000 оқои Хуҷамов аз телевизиюн рафт ва дертар дар 8 сентябри соли 2004 ҳафтаномаи мустақилле ба номи "Зиндагӣ" таъсис дод. Сардабирии ин нашрияро дар оғоз рӯзноманигор Хуршеди Атовулло ба уҳда дошт ва дар солҳои ахир оқои Хуҷамов худ сардабирии ин нашрияро ба уҳда гирифт.

Дар солҳои ахир ин нашрия бештар ба бозтоби масоили муҳимми ҷаҳон, бавижа Афғонистон, таваҷҷуҳ дошт. Нашрияи "Зиндагӣ" ёддоштҳои оқои Хуҷамовро аз замони хидматаш дар Афғонистон дар даҳаи 1980 низ чоп карда буд.

Ӯ аз ҷумлаи маъдуд рӯзноманигороне буд, ки аз манотиқи мухталифи Афғонистон дидан карда ва аз донандагони хуби умури ин кишвар дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Писари вай, Ромиш, аз тоҷирони бисёр муваффақе буд, ки дар Укройн зиндагӣ ва кор мекард.

Даргузашти оқои Хуҷамов барои ҷомеъаи рӯзноманигории Тоҷикистон зоеъае бузург ва дардовар маҳсуб мешавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi