11:42:01 01-уми Июли 2025 сол

САУДИЯ БА КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ КИТОБУ КОМПУТАР МЕДИҲАД

Вазорати фарҳанги Арабистони Саудӣ  ваъда супурдааст, ки ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 1000 китоб ҳадя карда, як бахши таъмини сохтмони ҷадиди ин китобхона бо компутарро низ бар дӯш хоҳад гирифт.

Сохтмони ҷадиди ин китобхона дар маркази Душанбе аз ҷумлаи иншооти ҷашниест, ки бояд то солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон, яъне то 9 сентябри соли равон, сохта шаванд. Барои бунёди Китобхонаи миллӣ 40 миллион доллар масраф хоҳад шуд.

Ин китобхона тавони гунҷонидани то 20 миллион китобро дорад ва феълан дар идороти давлатии Тоҷикистон ҷамъоварии китобҳо барои ин китобхона идома дорад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ