УЗВИ ҚИТЪАИ РАЪЙДИҲИИ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ СИНО БАРКАНОР ШУД
Як узви комисиюни қитъаи раъйдиҳии (участка) рақами 21-и ҳавзаи интихоботии Синои шаҳри Душанбе ба далели ҳимоят аз яке аз номзадҳо ба интихоботи миёндавраии порлумони Тоҷикистон аз ин кумисиюн ихроҷ шудааст.
Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи интихоботии Синои шаҳри Душанбе ба Би-би-сӣ гуфт, ахиран аз Толибшо Сайидзода, номзад ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар мавриди пуштибонии ошкори Мавлуда Қосимова, як узви комисиюни қитъаи раъйдиҳии рақами 21-и ин ҳавза аз яке аз номзадҳо шикояте ворид шуд.
Гуфта мешавад, хонуми Қосимова, устоди мактаби мутавасситаи рақами 93 ва раиси маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи 6 май, дар ҷараёни мулоқоти Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва номзад ба интихоботи порлумонӣ эълом доштааст, ки дар рӯзи интихоботи миёндавраӣ ба порлумони ин кишвар дар ҳафтаи оянда аз устодони мактаб ва сокинони маҳалла барои рехтани раъй ба ҷонибдории оқои Азимов даъват хоҳад кард.
Оқои Ҳабибов гуфт, пас аз шунидани навори аудиоии суханронии Мавлуда Қосимова ва сӯҳбат бо ӯ комисиюни ҳавзаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Сино дар бораи ихроҷи хонуми Қосимова аз суфуфи кумисиюни қитъаи раъйдиҳӣ тасмим гирифтааст.
Абдулло Ҳабибов таъкид кард, тибқи қавонини Тоҷикистон аъзои кумисиюнҳои интихоботӣ бояд дар фаъолияти худ нисбат ба гурӯҳҳои сиёсӣ бетараф бошанд ва ин афрод ҳаққи мудохила ба раванди интихоботро надоранд.
Толибшо Сайидзода, муъовини сардабири нашрияи “Миллат” ва номзад ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон гуфт, барраси сареъи ин қазия дар кумисиюни ҳавзаи интихоботӣ ва ихроҷ шудани узви кумисиюни қитъаи раъйдиҳӣ барои нақзи қавонини интихобот ӯро барои баргузории интихоботи миёндавраии озод ва шаффоф ба порлумони Тоҷикистон хушбин сохтааст.
Зимнан, дар пайи қатъи зудҳангоми ваколати намояндагии Шермаҳмади Шоҳиён ба далели интихоби ӯ ба симмати раиси Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Синои шаҳри Душанбе интихоботи миёндавраӣ ба порлумон эълом шуд.
Дар ин ҳавза Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Сайидиброҳими Назар, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, Музаффар Мирзоев, намояндаи Ҳизби кишоварзӣ, Сафарбек Маннонов, муъовини раиси Маркази миллии тибии Тоҷикистон ва Толибшо Сайидзода, муъовини сардабири нашрияи “Миллат” ба унвони номзад ба интихоботи миёндавраӣ сабти ном шуданд.
Аммо баъдан Сайидиброҳими Назар, намояндаи ҳизби наҳзат ба нишони эътироз ба шомил нашудани намояндагони ин ҳизб дар кумисиюнҳои қитъаҳои раъйдиҳӣ аз ширкат дар ин интихобот худдорӣ кард.
Би-Би-Си