17:12:52 02-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ ДИДОРИ РАҲБАРОНИ ЧАҲОР КИШВАР

Мулоқоти чаҳорҷонибаи раҳбарони Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия бо шумули ҳайъатҳои мақомоти ин чаҳор кишвар дар Душанбе оғоз шуд.

Қабл аз ин мулоқот, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Дмитрий Медведев, раисони ҷумҳурии Покистон ва Русия, дидоре пушти дарҳои баста анҷом доданд. Ҳануз мушаххас нест, ки дар дидори оқоён Медведев ва Зардорӣ чи мавзӯъоте баррасӣ шуда, вале бархе соҳибназарон баррасии масоили амниятӣ ва ҳамкориҳои энержиро барои ин ду кишвар бештар ҳоизи аҳаммият медонанд.

Раиси ҷумҳурии Покистон, ки дидоре расмӣ аз Тоҷикистон анҷом медиҳад, қабл аз зуҳр дар дидоре сеҷониба бо раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон масоили амниятии минтақа ва иҷрои тарҳҳои муштараки энержӣ ва иртибототро баррасӣ кард.

Сарони ин се кишвар пеш аз зуҳр эъломияи муштараке интишор доданд ва дар он омодагии худро барои тасреъи иҷрои як тарҳи кашидани хутути интиқоли нерӯи барқ, ки се кишварро ба ҳам муттасил мекунад, ибрози модагӣ карданд.

Русия низ, бо таваҷҷуҳ ба тарҳҳои энержие, ки дар Тоҷикистон ба иҷро мерасонад, монанди эҳдоси нерӯгоҳи Сангтуда-1, зоҳиран ба иҷрои ин тарҳ ва имкони фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон дар оянда таваҷҷуҳ дорад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854