Э. РАҲМОН: "БАРОИ ДУ СОЛ ХӮРОКА ЗАХИРА КУНЕД"
Президенти Тоҷикистон зимни як муроҷиат ба мардуми кишвар гуфт, ҳар кас бояд барои ду соли оянда маводи хӯрока захира кунад. Муроҷиатномаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба кишоварзон ва мардуми кишвар дар робита ба пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии моливу иқтисодӣ тавассути телевизиёни давлатӣ пахш шуд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бӯҳрони молӣ ва ҳамчунин офатҳои табиӣ, хушксолӣ ва камобӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфии худро гузоштааст ва «ҳар як оила бояд бо истифода аз фаровониву афзоиши имсола захираи дусола дошта бошад».
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон барои сабуктар гардонидани оқибатҳои бӯҳрон ва таъсири он ба ҳаёти мардум то имрӯз як силсила чораҳои мушаххас андешида шудаанд.
Вале ӯ дар бораи ин чораҳо иттилое надод. Муроҷиати президенти Тоҷикистон ба мардуми ин кишвар дар бораи зарурати омодасозии захираи озуқа барои ду сол бори дуввум аст, ки сурат мегирад. Ӯ соли гузашта низ бо чунин як пешниҳод ба мардум муроҷиат карда буд.
«Озодӣ»