04:12:58 19-уми Июли 2025 сол

«МО АЗ ЭНЕРГЕТИКАИ МИРАНДА АНДӮҲГИН ҲАСТЕМ»

Як гурӯҳ аз ҷомиаи интернетӣ имрӯз 8-уми апрел дар назди бинои ширкати «Барқи тоҷик» флеш- моб - ҳамоиши сареъ ва сулҳомезеро баргузор карданд.

flesh mobШиркатдорони ин навъи ҷадиди эътироз дар Тоҷикистон «Мо аз энергетикаи миранда андӯҳгин ҳастем» ва «Қавмгароӣ + хешутаборбозӣ = фақр, фасод, қафомондагӣ = мардум инро намехоҳад!» - ро шиор карда буданд. Онҳо дар пояи ин шиорҳо гулгузорӣ карданд ва шамъ рӯшан карданд.

Зафар Абдуллоев, аз ширкатдорони флеш-моб гуфт, ин як навъ эътирози сулҳомези як ҷомиаи интернетӣ аст, ки чанд рӯз ба ин сӯ баъд аз мушкилоти ҷорӣ дар соҳаи барқрасонӣ дар зеҳни ҳамроҳони ӯ пухта, имрӯз амалӣ шуд.

Тақрибан 30 нафар дар ин флеш - моб ширкат доштанд. Шарти флеш -моб ҳам ин будааст, ки ширкатдорон ҷамъ намешаванд, балки баъд аз баёни эътироз, дар як қаҳвахона ҷамъ меоянд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ