16:57:55 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶАҲИШИ НАВБАТИИ ҚИМАТИ БАРҚ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҳукумати Тоҷикистон қимати нерӯи барқ барои мардум ва тамоми муассисаҳои кишварро 25 дарсад боло бурдааст. 

Қарори ҳукумат, ки дирӯз тасвиб шудааст, аз рӯзи 1-уми августи соли ҷорӣ ҳукми иҷро мегирад. Амонулло Ашӯр, муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, гуфт, афзоиш додани қимати нерӯи барқ бар асоси тавсияҳои созмонҳои байнулмилалии молӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ва Созмони Байнулмилалии Пул аст, ки ба Тоҷикистон дар иҷрои барномаҳои иқтисодиаш кӯмак мекунанд.

 

Ба гуфтаи Амонулло Ашӯр, қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари Муштаракулманофеъ пасттар аст ва бояд то соли 2010 қимати ҳар киловат соат нерӯи барқ 2,05 сент таъин шавад.

Тибқи нархи нави таъиншуда акнун аҳолӣ барои ҳар як киловатт соати нерӯи барқ муваззаф аст, ҳафтуним дирам пардохт намояд. Қимати қаблӣ барои аҳолӣ шаш дирам барои як киловатт соат буд. 

Тайи соли равон бори дуввум аст, ки қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон 25 дарсадӣ боло бурда мешавад. Қаблан дар оғози моҳи январ нархи барқ афзоиш дода шуда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi