08:16:26 01-уми Июни 2025 сол

ДАР БАДАХШОН НАРХИ СӮЗИШВОРӢ АЗ ПАНҶ СОМОНӢ ГУЗАШТ

Инак чанд рӯз боз соҳибони автомашинаҳое, ки бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат мекунанд, аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон як литр  соляркаро бо нархи 5 сомониву 20 дирам мехаранд.

benzinНархи як литр бензин бошад ба 4 сомониву 90 дирам боло рафтааст. Сабаби боло рафтани қиммати сӯзишвориро коршиносони ин соҳа дар баланд шудани нархи андози маҳсулоти нафтии аз Русия воридшаванда арзёбӣ кардаанд. Баъди он ки боҷи маҳсулоти нафтии ба Қирғизистон воридшаванда аз сӯйи ҳукумати Русия барҳам дода шуд, андози маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон воридшавандаро ҳукуматдорони Русия 5, 3 дар сад боло карданд.

Ин тағйирот боиси боло рафтани нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, минҷумла дар Бадахшон гардид. Интизор меравад, ки боло рафтани нархи сӯзишворӣ ба қиммати нархи диггар маҳсулоти хоҷагии халқ, махсусан маводи мавриди ниёзи аввалия, ки ба Бадахшон онҳоро асосан  тавассути нақлиёти автомобилӣ ворид мекунанд, таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854