20:28:16 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 30 31    

САФАРИ САФИРОНИ ИМА ВА БРИТОНИЁ БА ВОДИИ РАШТ

Сафири ИМА Кен Гросс ва Сафири Бритониё Тревор Мур аз 28 то 30 март ба Ғарм ва водии Рашт ташриф оварданд то минтақаро беҳтар омӯзанд ва роҳҳои вусъат додани ҳамкориҳоро пайдо намоянд.

safironРӯзи якуми боздиди худ аз Рашт сафирон бо раиси ноҳия Саидумрон Абдураҳмонов барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами сиёсӣ ва рушди минтақа мулоқот доир намуданд. Онҳо бо роҳбарони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайриҳукуматӣ вохӯрданд ва бо намояндагони аҳзоби сиёсии маҳаллӣ мизи мудаввар доир намуданд. Сафирон барои созмонҳои байналмиллалӣ зиёфат оростанд то аз таҷрибаи онҳо бархурдор шаванд ва роҳҳои беҳтари ҳамоҳангсозии кӯмаки ИМА ва Бритониёро ба рушди минтақа зимни муҳокима қарор диҳанд. 

29 март сафирон Гросс ва Мур бо Раиси ноҳияи Ҷиргатол Аслонбек Абдураҳмонов боздиди расмӣ доир намуданд. Пас аз он онҳо ба сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон сафар намуданд то бо мансабдорони сарҳадбон дар Қаромиқ вохӯранд ва дар бораи масъалаҳои тиҷорат, амният ва мушкилоти бурунмарзӣ омӯзанд. Дертари ҳамон рӯз муовини сардори бахши тафтишотии Шӯъбаи умури дохилаи ноҳия Нурулло Орифов сафиронро таври мухтасар аз вазъи амниятии минтақа воқиф намуд.   

safir gross30 март Сафирон аз нахустин барномаи стипендияҳои хурди омӯзиши забони англисӣ барои духтарон боздид намуданд, ки аз ҷониби СҒҲ "Ҳамадонӣ" амалӣ мешавад. Барномаи мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мешавад барои ҷавонон аз оилаҳои камбизоат омӯзиши фишурдаи забони англисиро таъмин менамояд, ва СҒҲ "Ҳамадонӣ" синфи алоҳидаро барои духтароне ташкил намуд, ки имконияти дигари омӯзиши забони англисиро надоранд. Шогирддухтарон саҳначаи кӯтоҳеро намоиш доданд ва имконияти бо ду сафир ҳамсӯҳбат шуданро доштанд.

Сафир Мур аз лоиҳаи "Идоракунии захираҳои табиӣ дар сатҳи маҳалла" дар деҳаи Ҷафр боздид намуд, ки аз ҷониби Бритониёи Кабир маблағгузорӣ шудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар ҷомеаҳои маҳаллӣ оиди чораҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва идоракунии беҳтари захираҳои табиӣ омӯзиш гузаронида мешавад. Дар ин фосила Сафир Гросс ба маҳале, ки дар он моҳи августи соли гузашта обхезӣ ба вуқӯъ пайваста буд ташриф овард.

Ӯ дар маросими ба истифода супурдани кӯпруки пиёдагард ва иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ки сохтмони онҳо аз ҷониби Сафорати ИМА маблағгузорӣ шуда аз ҷониби созмони Ҳайати шафқат амалӣ шудааст, ширкат варзид. Дар маросими ифтитоҳи расмӣ муовини Раиси ноҳия Ибодат Салоҳова ва роҳбарони маҳалла иштирок намуда аз саҳмгузорӣ бо маводҳо аз ҷониби аҳли маҳалла ва дастгирӣ аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ ёдовар шуданд.

Дар фарҷоми боздиди расмии муштараки худ сафирон Мур ва Гросс барои меҳмоннавозии мардуми ноҳияи Ғарм ва водии Рашт арзи сипос намуданд. Онҳо оиди давомдиҳии ҳамкориҳои зичи минбаъдаи миёни ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Шоҳигарии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Тоҷикистон доир ба масоили манфиати умумидошта дар ин минтақаи муҳим ибрози хоҳиш намуданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi