00:32:55 03-уми Июни 2025 сол

РАИСИ ҶУМҲУРИ ПЕШИНИ УКРОИН МУТТАҲАМ БА ҚАТЛ ШУД

Леонид Кучма, раиси ҷумҳури пешини Укроин, ки тавассути додситонҳо барои парвандаи марги хабарнигоре дар соли 2000 мавриди бозҷӯйӣ қарор гирифтааст, мегӯяд расман муттаҳам ба қатл шудааст. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳанӯз иттиҳомҳои худро нахондааст.

kuchmaДодситонҳо ин ҳафта парвандае дар бораи нақши оқои Кучма дар қатли Георгий Гонгадзе гушудаанд. Гонгадзе дар сентябри 2000, ки оқои Кучма раиси ҷумҳури Укроин буд, рабуда шуд ва чанд моҳ баъд ҷасади бидуни сараш пайдо шуд. Оқои Кучма пештар ҳар гуна дахолат дар ин моҷароро рад кардааст.

Вай рӯзи панҷшанбе пас аз дувумин рӯз аз ҳузур дар дафтари додситони кул дар Киев, пойтахти Укроин ва посух ба суолоти додситонҳо, ба хабарнигорон гуфт: "Ман муттаҳам шудаам. Рӯзи душанбе дубора инҷо мулоқот мекунем ва хоҳем дид, ки марҳилаи баъдӣ чист."

Ӯ дар посух ба ин суол, ки иттиҳомҳо чӣ ҳастанд, гуфт: "Ҳанӯз онро нахондаам."

"Метавонед тасаввур кунед, ки чи иттиҳомҳое матраҳ шудаанд, чизи ҷадиде атрофи он чи дар конфронси матбуъотии муъовини кул гуфта шуд, вуҷуд надорад."

Ренат Кузмин, муъовини додситони кул рӯзи сешанбе гуфт, ки оқои Кучма мазнун аст аз қудрати расмии хеш сӯйиистифода карда ва ба мақомҳои вазорати кишвар дастуроте дода, ки "дар ниҳоят ба кушта шудани он хабарнигор мунҷар шудааст."

Мадраки забтшуда

Моҷарои қатли Гонгадзе, ки мунтақиди оқои Кучма буд, эътирозоти хиёбонии васеъеро алайҳи ҳукумати вақт ба роҳ андохт. Гонгадзе бонии сойти "Укроин правда" (Ҳақиқати Укроин) буд, ки фасоди идориро ошкор мекард.

Оқои Кучма рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки дар пушти ин моҷаро иддае ба дунболи таҳрики мардум алайҳи ӯ буданд. Додситонҳо ин раиси ҷумҳури пешинро, ки аз соли 1994 то соли 2005 дар қудрат буд, мамнӯъулхуруҷ кардаанд.

Онҳо мегӯянд навори савтие, ки ба таври маҳрамона тавассути яке аз мухолифони шахсии оқои Кучма дар ҳангоми раёсати ҷумҳурии ӯ забт шуда, мадраки таъйидшудае аст. Дар ин навор фарде, ки садое шабеҳ ба ӯ дорад, мегӯяд Гонгадзе бояд "тавассути чеченҳо рабуда шавад."

Оқои Кучма садои худро дар ин навор такзиб накарда, аммо мегӯяд ба наҳве мунтож шуда, ки ба назар бирасад ҳарфҳое зада, ки ӯ ҳаргиз нагуфтааст. Мақомҳои Укроин дар соли 2009 Алексей Пукок, як мақоми вазорати кишварро дастгир карданд, ки муддате баъд эътироф кард Гонгадзеро хафа карда ва сарашро бо як табар буридааст.

Се мақоми дигар низ ба ҷурми ширкат дар ин қатл ба зиндон маҳкум шудаанд. Додситонҳо пештар гуфтанд Юрий Гровченко, вазири кишвари собиқ дастури қатли Гонгадзеро дода будааст. Гуфта мешавад оқои Кравченко дар соли 2005 худкушӣ кард. Ҷасади ӯ бо ду гулӯла дар сараш пайдо шуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854