06:33:03 12-уми Июли 2025 сол

ХУДКУШӢ БАРОИ НАДОШТАНИ КУРТАИ НАВРӮЗӢ

Тибқи иттилоъи бахши Вазорати корҳои дохилаи вилояти Хатлон, надоштани либоси идона дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз сабаби ба худкушӣ даст задани як духтар дар ин вилоят шудааст.

khudkushiБа гуфтаи манобеъи ин идора таҳқиқи ҳодисаи худкушии Ойгул Шоимоваи 18 сола, хонандаи мактаби шумораи 19-и ноҳияи Шаҳритус нишон додааст, ки вай аз сабаби надоштани либоси наврӯзӣ дар рӯзҳои ҷашн худро ба дор овехтааст.

Офоқи Қодириён, сухангӯйи бахши Вазорати корҳои дохилаи вилояти Хатлон гуфт: "Ойгул Шоимова хонандаи синфи 11, ки бояд дар ҷашни наврӯзӣ ширкат мекард, барои надоштани либоси муносиб дар оғилхонаашон худро ба дор овехта ва ҷон додааст."

Хонум Қодириён мегӯяд, тафтишот нишон додаст, ки Марям Шоинова, модари Ойгул, ки зане хонашин аст, воқеъан имкони харидории пероҳани идона ба духтарашро надоштааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ