Ф.САИДОВ: АЙБҲОИ ЭЪЛОМШУДА АЛАЙҲИ БОБОХОНОВ СОБИТ ШУДААСТ
Оҷонси мубориза бо фасод ва назорати молиявӣ, тафтиши парвандаи Файзулло Бобохоновро ба анҷом расонид. Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасод ва назорати молиявии Тоҷикистон гуфт, ки ҳама иттиҳоми эъломшуда алайҳи вай собит шудааст.
Оҷонси мубориза бо фасод қаблан гуфта буд, рафти тафтишоти парвандаи Файзуллоҳ Бобохонов, додситони пешини ноҳияи Ҳисор ва писари собиқ додситони кул нишон дод, ки ӯ дар замони фаъолияташ ба фасоди моливу ришвахории зиёд роҳ додааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, Файзуллоҳ Бобохонов ҳатто дар зиндонӣ кардани чанд нафари бегуноҳ ҳам гунаҳкор аст, ки бояд дар назди қонун барои ин амалаш посух гӯяд. Файзуллоҳ Бобохонов соли 2005, ки падараш додситони кулли Тоҷикистон буд, додситони ноҳияи Ҳисор таъйин шуд. Вале баҳори соли гузашта ба дунболи барканории падараш аз мақом, ӯро низ аз мақоми додситони Ҳисор сабукдӯш карданд.
Маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар моҳи июли соли гузашта ӯро бо иттиҳоми ришвагирӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ боздошт кардаанд. То боздошти Файзулло Бобохонов дар давоми шаш моҳи соли 2010 камаш 12 додситони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо иттиҳомоти марбути фасод аз курсиҳояшон маҳрум шуда буданд. Ҳамакнун парванда барои таъйиди иттиҳом ва ироа ба додгоҳ, дар дасти додситонии кулли Тоҷикистон қарор дорад.
ОҶОНСИ ФАСОД ВА ДОДСИТОНӢ
Моҳи маи соли 2007-ум президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Агентии давлатии мубориза бо фасодро ташкил намуда, Шерхон Салимзода собиқ додситони шаҳри Душанбе ва вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро, ки бо муборизаи беамонаш бо порахӯрӣ маъруф шудааст, ба раҳбарии ин ниҳоди зидди фасод таъйин кард.
Баъди як муддати кӯтоҳи иҷрои вазифа, дар маркази таваҷҷӯҳи Салимзода идораи додситонии кулли Тоҷикистон қарор гирифт, ки баъзе ходимонаш бо фасод ва ҳифзи мансабдорони порахӯр муттаҳам мешуданд. Идораи мубориза бо фасод якчанд ходими идораи додситониро бо иттиҳоми фасод боздошт намуд, вале идораи додситонӣ, ки он замон судури ҳукми ҳабсро дар ихтиёр дошт, ходимонашро раҳо намуд.
Салимзода муваффақ шуд, ки парламентро ба тағйири ин раванд моил намояд. Қонунгузорони тоҷик ҳаққи судури ҳукми боздоштро аз додситонӣ ба додгоҳ интиқол доданд. Тибқи иттилои Агентии мубориза бо фасод, ин идора аз замони таъсиси он камаш 2 додситон, 4 додгустар ва ё судя, 30 ходими бахшҳои мухталифи низоми адлия ва тахминан 100 корманди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботро ба ҷавобгарӣ кашидааст.
Ба назар мерасад, ки фаъолияти Агентии мубориза бо фасод собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохоновро нороҳат карда буд. Ӯ ин ниҳодро бо барангехтани иғво дар муқобили додситонҳо муттаҳам кард. Бар илова идораи додситонӣ чандин ходими идораи мубориза бо фасодро бо ришваситонӣ муттаҳам кард. Дар соли 2009-ум Салимзода аз мансаби раиси Агентии мубориза бо фасод ба ҳайси мушовир ба дастгоҳи президенти Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Вале ғайримунтазира дар моҳи январи соли 2010-ум додситони кулл Бобоҷон Бобохонов ба нафақа фиристода шуд ва президенти Тоҷикистон ба ин мансаб Шерхон Салимзодаро пешбарӣ кард. Барканорсозии додситонҳо баъди таъйини Салимзода оғоз ёфт ва баъзеҳо тахмин мекунанд, ки додситони нав наздикони Бобохоновро аз қудрат дур мекунад
«Озодӣ»