ДАФТАРИ САҲА ХУЛОСАИ КОРШИНОСОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЯД
Семинари дурӯза оид ба масъалаҳои стандартикунонии механизмҳо ва тартиботи сармоягузорӣ барои нерӯгоҳҳои барқии обӣ, ки бо дастгирии Дафтари тоҷикистонии САҲА ташкил шудааст, дар Душанбе кори худро ба итмом расонд. Семинари мазкур маҷлиси дуюми гурӯҳи кории байниидоравӣ дар доираи «Ташаббуси тоҷикӣ-норвегии энергетикаи барқи обӣ» буд.
Зиёда аз 30 нафар намояндаи расмӣ ва коршиносони соҳаи обу барқ дар кори он ширкат варзиданд. Иштирокчиён талаботи асосиро нисбат ба стандартикунонии тартиботи маблағгузорӣ барои НБО мавриди муҳокима қарор дода, қадамҳои ояндаро барои такмили он аниқ карданд ва приципҳои роҳбариро барои гурӯҳи корӣ муайян намуданд. Дар асоси машварати пешакӣ бо намояндаҳои ҳукуматӣ, сектори хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҳамчунин мусоҳибаҳо дар давоми семинар коршиносон доираи муайяни чорабиниҳоро тавсия намуданд.
”Стандартикунонии тартиботи сармоягузорӣ шарти муҳими барпо кардани муҳити маблағгузории пешгӯишаванда ва хубтанзимшуда барои нерӯгоҳҳои барқи обии хурд аст»-, иброз дошт Эммануэль Хантзингер, мушовири дафтари тоҷикистонии САҲА оид ба масъалаҳои иқтисодӣ.
Ташаббуси НБО 27 апрели соли 2010 ба тариқи ёддошти дутарафа оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни Вазорати корҳои хориҷии шоҳигарии Норвегия ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид.
Пойдор гардонидани амнияти энергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои обу барқи кишвар, яке аз самтҳои тасдиқшудаи фаъолияти дафтари САҲА дар Тоҷикистон аст. Дафтар ин ташаббусро ба тариқи пешниҳод намудани замина барои муколама ва кӯмаки коршиносон дастгирӣ менамояд.
«Рӯзгор»