05:02:40 02-уми Июли 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶЕЙМС МЕТТИС

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷеймс Меттисро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. «Мо ба муносиботи худ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоем ва ҷонибдори рушду густариши ҳарчи бештари робитаҳо дар арсаҳои гуногун ҳастем».

 

generali imaАз ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Генерал ҷеймс Меттис ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  барои мусоидати фаъоли кишвари мо ба нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон ва ба барқарорсозиии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар ин давлат арзи сипос намуд. Таъкид гардид, ки татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва пайвастани онҳо бо шабакаҳои нақлиётию барқии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон ба манфиати таҳкими амнияту субот дар минтақа хоҳад буд.

 

Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба пурзӯр намудани мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон зоҳир карда шуд.

 

Сомонаи «Президент.tj»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4390-mulokoti-emomali-rahmon-bo-jeyms.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ