05:38:56 01-уми Июли 2025 сол

ДАР ДАНҒАРА 3 НАФАР АЗ ЗАҲРОЛУДШАВӢ ДАРГУЗАШТАНД

"Азия-Плюс" хабар додааст, ки дар ноҳияи Данғара аъзои як хонавода баъд аз истеъмоли боқалаҷонҳои консервшуда заҳролуд шудаанд.

 

Се нафари онҳо, яъне марди 26 сола ва ду кӯдаки 2 ва 3-сола дар бемористон ҷон додаанд. Панҷ нафари дигар дар бемористон муолиҷа мегиранд. Пизишкон гуфтаанд, заҳролудшавӣ бештар дар замбуруғ ё боқалаҷонҳои консервшуда мушоҳида мешавад.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ