03:10:00 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

5 НАФАР БА ҲАЛОКАТ РАСИДАНД

 

Аз 10 то 20 июли соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 5 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида 10 нафари дигар дар ҳолатҳои гуногуни ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе (БДА) подполковник Шерафган Латифов, коршиносони БДА, яке аз сабабҳои асосии зиёдшавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётро дар бепарвоии пиёдагардон ва бо сурати баланд рондани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон мебошад. 

Бояд қайд намуд, ки ҳафтаи сипаригашта тақрибан соати 22 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-180» рақами давлатиаш ВН 22 49 РТ 01 Сафаров Саидакобир истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Мирзобек ба тарафи кӯчаи Зебуниссо дар рӯ ба рӯи қисми ҳарбии 5453 ВКД ҶТ бо автомашинаи «Опел - Астра» рақами давлатиаш ВС 1949 РТ 01, таҳти идораи Аминов Насриддин сокини қишлоқи Симиганҷ ноҳияи Ваҳдат бармехӯрад, ки дар натиҷа ҳар ду ронандаҳо, мусофирон Аминов Саидҷон ва Тоҷиддин ва Саидов Неъматҷон ба ҳалокат мерасанд. Мусофирон Бобоев Музаффар ва Қурбонова Матлуба ҷароҳати вазнин бардошта ба беморхона барои муолиҷа фиристода мешаванд.

Жасмин Назарова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi