13:48:42 02-уми Июли 2025 сол

ДАЪВАТИ ОТУНБОЕВА БА ТАЪСИСИ ГУРӮҲҲОИ АСПСАВОРИ МАРЗБОН

Раисиҷумҳури Қирғизистон ба далели кам будани шумори нирӯҳои марзбонӣ хостори таъсиси гурӯҳҳои аспсавор аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ ба хотири ҳимояти марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон шудааст.

 

Роза Отунбоева рӯзи сешанбе дар Ӯш дар мулоқот бо фаъолони маҳаллӣ гуфт, бино ба маълумоти хадамоти амниятии Қирғизистон, дар тобистони имсол эҳтимоли аз Тоҷикистон рахна кардани гурӯҳҳои силоҳбадаст хеле зиёд аст ва ин таҳкими ҷиддии марзҳои ҷанубии Қирғизистонро тақозо мекунад. Ба гуфтаи раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон Зокир Тиленов, феълан ба ҳар километр марзи он кишвар ҳамагӣ як марзбон рост меояд ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, ҳар километр марзи Тоҷикистон ё Узбакистонро аз 9 то 10 сарбоз ҳимоят мекунанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ