00:43:02 02-уми Июли 2025 сол

БАРФИ ЗИЁД ГАРДАНАИ ХОБУРОБОДРО МУШКИЛГУЗАР КАРД

Гарданаи Хобуробод, ки пойтахти Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, бар асари бориши барфи зиёд, муваққатан баста шудааст.

 

Хабаргузории “Азия Плюс” мегӯяд, Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ тавсия додааст, бинобар мавҷудияти хатари баҳман ва ё тарма нагузоранд, то нақлиёт аз тариқи ин гардана ҳаракат кунад. Роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон аз роҳҳои хатарноки кишвар маҳсуб мешаванд ва солона дар онҳо даҳҳо садамаҳои маргбор рух медиҳанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ