19:03:01 23-уми Майи 2025 сол

ФАРМОНДЕҲИ НАВИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ РУСИЯ

Бо фармони Президенти Федератсияи Русия полковник Игор Красин фармондеҳи нави Пойгоҳи низомии 201- уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон таъин карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Игор Красин ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ намуд.

Игор Красин 17 ноябри соли 1966 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Ӯ соли 1987 Омӯзишгоҳи умумии ҳарбии ордени Байрақи сурхдори шаҳри Тошканд, соли 2000 Академияи ҳарбии ба номи М.Фрунзе ва соли 2009 Академияи ҳарбии Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Федератсияи Русияро хатм намудааст. Мавсуф иштирокчии амалиёти ҳарбии Чеченистон мебошад. Вай бо ордени «Ҷасорат» мукофотонида шудааст. 

Фармондеҳи пештараи пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон генерал - майор Алексей Завизон барои таҳсил ба Академияи ҳарбии Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Русия фиристода шуд.

Наталя Михайлова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ