04:53:30 01-уми Июни 2025 сол

МАҚОМОТ: АВЗОЪ ДАР РАШТ ОРОМУ СОКИТ АСТ

Мақомоти Тоҷикистон авзоъ дар минтақаи Рашт, аз ҷумла деҳоти дараи Камаробро орому сокит арзёбӣ карда мегӯянд, вазъ ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад. Аммо нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар ин минтақа амалиёти густарда алайҳи гурӯҳи мусаллаҳро идома медиҳанд.

 

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ , ки нахост номаш бурда шавад, таъйид кард, ки нуқтаҳои дидбонӣ ва посгоҳҳо дар самти дараи Камароб ва маркази ноҳияи Рашт афзоиш дода шудааст. Ин манбаъ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар хатти аввали кофтукоби гурӯҳҳои мусаллаҳ дар рустоҳои, ба истилоҳ, хафвнок афроди машқдида ва аз хадамоти махсус ҷалб шудаанд. Гуфта мешавад, гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ҳайати дастаҳои хурди панҷ-шашнафарӣ дар кӯҳҳо паноҳ бурдаанд, вале нерӯҳои интизомӣ барои онҳо имкон намедиҳанд, ки даст ба амали густарда бизананд.

 

Аҳдофи норавшани гурӮҳи мусаллаҳ

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳҳои даргир бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи кишвар то кунун ҳадаф ва мақсади худро ошкор накардаанд. Ҳамчунин ҳанӯз маълум нест, ки Мирзохӯва Аҳмадов баъди ҳамла болои манзилаш ва иттиҳоми ӯ аз сӯи ҳукумат ба куҷо паноҳ бурдааст. Рушан нест, ки ӯ бо Мулло Абдулло пайвастааст ё хайр. Зеро миёни ин ду фармондеҳи собиқи ҷанги дохилӣ баъди Созишномаи сулҳ ихтилоф пеш омадп буд ва ба гуфтаи худи Аҳмадов, ӯ дар соли 2000-ум ҳамроҳ бо нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи Мулло Абдулло ҷангидааст.

 

Мақомоти Тоҷикистон аз кушта шудани панҷ тан аз ҷонибдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов дар ҷараёни ҳамла ба хонаи ӯ хабар дода буданд. Аммо дар ин бора гузоришҳои расмии телевизионӣ пахш нашуд. Шоҳидони ҳодиса, ки сӯҳбати онҳоро расонаҳо ба нашр расонидаанд, гуфтаанд, ки чархбол ибтидо ҷониби кӯҳҳо тирандозӣ карда, сипас мустақим манзили зисти Мирзохӯҷа Аҳмадовро ҳадаф қарор додааст ва ҳамзамон нирӯҳои ҳукуматӣ манзили ӯро иҳота кардаанд.

 

Таҳдид ба табибони Рашт

Як тан аз сокинони ноҳияи Рашт, ки ба хотири амнияти худ ва хонаводааш номаш зикр шавад, гуфт, ки бархе аз размандагон ва ҷонибдорони онҳо ба табибони ноҳия таҳдид кардаанд, ки захмиёни ҳукуматиро муолиҷа накунанд. Аз сӯи дигар алоқаи телефонӣ бо навоҳии шарқи Тоҷикистон то ҳол барқарор нашудааст ва ҳанӯз қарори маҳдудият дар равуои шаҳрвандон, побарҷост.

 

Хатари «дастони хориҷӢ»

Бо ин ҳама таҳлилгарон мегӯянд, агар роҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳар кадоме дар алоҳидагӣ ва бо даъвоҳои хоси худ ба мубориза идома диҳанд, имкон дорад мавриди истифодаи «дастони хориҷӣ» қарор бигиранд. То кунун ин нафарон кадом ҳадаф ва мақсади худро ошкоро нагуфтаанд ва низ дар муқоиса бо солҳои муқовимати панҷсолаи қаблӣ ин нерӯҳо масъулони сиёсӣ низ надоранд. Аз ин рӯ таҳаввули авзоъ ба он вобаста хоҳад буд, ки ҳукумат аз чи роҳе метавонад ин гурӯҳҳоро хунсо кунад.

 

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3213-2010-09-25-15-16-47.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854