21:39:02 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/17_sarhadbon_panjakent1478'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/17_sarhadbon_panjakent1478'

СОКИНИ ПАНҶАКЕНТРО ГУРӮҲИ МУСАЛЛАҲ БА УЗБАКИСТОН БУРДААСТ

Як гурӯҳ афроди мусаллаҳи низомипӯш аз дохили Узбакистон дар минтақаи марзии Панҷакент, савори мошин вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, як сокини деҳаи Фаро, Абдураҳмон Маҷидов ва 18 сар гови ӯро бо худ ба дохили Узбакистон бурдаанд. Сарнавишти ин шаҳрванди Тоҷикистон норӯшан аст. Хабрнигори Озодӣ мегӯяд, ки ин хабарро мақомоти марзбонӣ ва гумрук дар ноҳияи Панҷанкент ва инчунин сокинони минтақа тайид кардаанд.

 

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ин ҳодиса чор рӯзи пеш сурат гирифта ва то кунун ба чандин навбат дархости онҳо роҷеъ ба маълум кардани сарнавишти ин шаҳрванди Тоҷикистон мақомоти минтақаи марзии Узбакистон ягон посух надодаанд. Аммо масъулини дафтари матбуотии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сар задани ҳар чунин ҳодисае дар минтақаи марзии Панҷакент изҳори беиттилоӣ намуда ва гуфтанд, ки дар пайи таҳқиқи ин хабар ҳастанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3141-2010-09-17-07-27-56.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854