ШОИСТА МУЛОҶОНОВА ДАРГУЗАШТ
Шоиста Мулоҷонова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва сарояндаи таронаҳои классикии тоҷик, ки солҳои ахир дар Ню-Йорки Амрико ба сар мебурд, бар асари як бемории вазнин дар бемористон даргузаштааст. Якчанд рӯз аз шаҳри Ню-Йорк хабар расида буд, ки овозхони саршинос дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол додаанд ва пизишкон вазъи ӯро сангин номидаанд. Наздикони хонум Мулоҷонова гуфтаанд, ки маросими дафни ӯ соати 9-и имрӯз ба вақти Ню-Йорк баргузор мешавад.
Шоиста Мулоҷонова, собиқ устоди Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода, соли 1925 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми Консерваторияи Маскав вай солҳои зиёд дар Театри академии опера ва балети ба номи Айнӣ ҳунарнамоӣ кардааст.
Вай дар солҳои гуногун бо барномае аз таронаҳои классикӣ ва мардумӣ ба даҳҳо кишвари дунё сафар ва аз ҳунари тоҷик намояндагӣ кардааст. Ҳунаршиносон овози Шоиста Муллоҷонова - сопранои лирикиро яке аз навъҳои нодир арзёбӣ кардаанд.
Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2564-2010-06-27-11-55-21.html