МАҲМУДИ АҲМАДИНАЖОД ВОРИДИ ТОҶИКИСТОН ШУД
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, бомдоди имрӯз, 9-уми июн, вориди Тоҷикистон шуд ва қарор аст, дар ин соатҳо мулоқоти як ба яки ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон дар бустонсарои президенти Тоҷикистон сурат бигирад. Бино ба иттилои дафтари матуботии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот масоили ширкати Эрон дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон, ҳамкориҳои ду кишвар дар дигар бахшҳо ва ҳамчунин мавзӯъҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳадафи аслии сафари раисиҷумҳури Эрон ширкат дар конфронси байнулмилалии «Об барои ҳаёт» дар шаҳри Душанбест. Ба дунболи мулоқолоти Маҳмуди Аҳмадинажод бо Эмомалӣ Раҳмон вай соати 11-и рӯз дар яке аз нишастҳои конфронси байнулмилалӣ суханронӣ хоҳад кард. Бино ба навиштаи хабаргузории расмии Эрон – ИРНА, Маҳумди Аҳмадинажод дар ин нишаст пешниҳодҳои Эронро дар хусуси ҳифз, нигоҳдорӣ ва масрафи дурусти об ба унвони яке аз муҳимтарин мавзуоти имрӯзи ҷомеаи башарӣ матраҳ хоҳад кард.
Дар чаҳорчӯби сафари раисиҷумҳури Эрон ба Душанбе имрӯз ҳамчунин мулоқоти ҳайатҳои Эрону Тоҷикистон дар сатҳи олӣ дар бустонсарои Пуғузи Варзоб дар назар аст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2446-2010-06-09-07-05-31.html