ДУ ҲАМЛАГАР ВА ЯК КОРМАНДИ ОМОН КУШТА ШУДАНД
Амалиёти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи ҳамлагарон ба посгоҳи Варзоб бо нобуд сохтани ду ҳамлагар ва кушта шудани корманди ОМОН анҷом ёфт.
Рӯзи дуюми июн бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба пулис дар посгоҳи Варзоб як корманди Вазорати корҳои дохилӣ ҷароҳат бардошта буд. Ин воқеа дар минтақаи Майхура рух дода буд. Бино бар навиштаи хабаргузории «Авасто», кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона дар чаҳорчӯби амалиёти «Кӯкнор-2010» як мошини “Опел-вектра”-ро бозмедоранд, ки дар дарунаш бар иловаи ронанда боз чанд мусофир менишастаанд.
Корманди пулис ба мошин наздик шуда, ронанда ва мусофиронро хоҳиш мекунад, ки аз он берун шаванд. Дар посух яке аз мусофирон ба корманди пулис оташ мекушояд ва ӯро захмӣ мекунад. Баъдан, онҳо мошинро тарк карда, аз маҳалли ҳодиса ҳама фирор мекунанд. Манбаъи “Авасто” гуфтааст, аз даруни мошин як борхалта бо детонатор ва таппончаи “Валтер” бо садохомӯшкунаш дарёфт шудааст.
Баъдан, ба маҳалли ҳодиса нерӯҳои фаврӣ эъзом шудаанд. Хабаргузории “Азия-Плюс” менависад, нерӯҳои интизомӣ маҳалли будубоши фирориёнро дармеёбанд ва дар он ҷо низ даргирӣ ба амал меёбад. Дар натиҷа ҷинояткорон, ки шумораашон ду нафар номида мешавад, кушта мешаванд. Як корманди ОМОН низ кушта шудааст ва як шаҳрванди оддӣ захм бардоштааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2418-2010-06-04-06-15-57.html