22:29:53 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РЕЗИШИ САНГ ДАР ШИМОЛ СЕ КУШТА ДОД

 

Дар пайи лағзиши кӯҳпора дар шимоли Тоҷикистон се нафар ҷони худро аз даст дода ва чаҳор нафар захмӣ шудаанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати кишвари Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 19 июн, зимни таъиди ин хабар ба Би-би-сӣ гуфт, ин ҳодиса рӯзи гузашта дар роҳи васати шӯрои деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар, иттифоқ уфтодааст.

Оқои Асадуллоев, гуфт дар пайи лағзиши кӯҳпора, худрави тамғаи УАЗ - 469, мутаъаллиқ ба Ҳоҷӣ Шехови 51 сола, аз баландии 300 метр ба рӯдхонаи Зарафшон уфтодааст. Ба гуфтаи сӯхангӯи Вазорати кишвари Тоҷикистон дар натиҷаи ин ҳодиса, ронандаи худрави УАЗ - 469, ҳамроҳ бо Соҳибназар Шехови 28 сола, омӯзгори мадрасаи шумораи 17 шӯрои деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ ва Хуршеда Партобоваи 48 сола, сокини ҳамин ноҳия дар маҳали ҳодиса, ҷони худро аз даст додаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи ин манбаъ, чаҳор тани дигар аз мусофирон, Мавҷуда Шеховаи 6 сола, Ҳасан Меъроҷови 8 сола, Фаррух Аминови 34 сола ва Муҳтарама Шоеваи 41 сола бар асари ин ҳодиса. ҷароҳатҳои мухталиф бардошта ва ба бемористони марказии ноҳияи Айнӣ, мунтақаил шуданд.

Муддати ду рӯзи ахир ин дуввумин мавриди лағзиши кӯҳпора дар шимоли Тоҷикистон аст. 

Ду рӯзи қабл, дар километри 140 ҷодаи утумубилрави Душанбе - Хуҷанд, лағзиши кӯҳпора ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа як худрави мутаъаллиқ ба коргарони чинӣ дар ин минтақа зери он қарор гиирфт.

Тибқи гузориши Кумитаи умури изтирорӣ дар натиҷаи он ҳодисаи табиъӣ 12 тан аз коргарони чинӣ маҷруҳ шуданд.

Аммо Вазорати кишвари Тоҷикистон теъдоди ҷароҳатбардоштагон дар ин ҳодисаро 14 коргари ширкати "ТВЕА" -и Чин хонд, ки дар пружаи кашидани хутути баландшиддати барқ дар ноҳияи Айнӣ фаъол ҳастанд.

Зимнан, аз авоили соли ҷорӣ то кунун бар асари ҳаводиси табиъӣ дар қаламрави Тоҷикистон дасти кам 30 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi