16:59:42 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУИН, ОВОЗХОНИ ЭРОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Муин, овозхони маҳбуби эронии муқими Лос - Анҷелеси Омрико, рӯзи панҷшанбе, 18 июн вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.

Шафиқ Қиём, раиси ширкати "Қиём Интретеймент", ки аз дастандаркорони сафари Муин ба Тоҷикистон аст, ҳадафи сафари Муинро иҷрои консерти ҳунарӣ барои ҳаводоронаш дар Тоҷикистон унвон кард.Муин дар сӯҳбат бо хабарнигорони Би-би-сӣ гуфт, ки ҳудуди 25 сол аст, ки вай орзуи сафар ба Тоҷикистонро доштааст.

Вай гуфт: "Тоҷикистонро хеле дӯст дорам ва бо ин кишвари афсонавӣ дер боз ба таври ғоибона ошно будам. Мехоҳам ғайр аз ин сафарам, як бори дигар ҳам ба Тоҷикистон барои як ҳафта биёям ва бидуни иҷрои кунсерт, аз ин кишвар дидан кунам."

Ин дар ҳолест, ки интизор меравад, консерти Муин рӯзи 20 ва 21 июни дар толори "Кохи Борбад" - и шаҳри Душанбе баргузор шавад ва Фарзонаи Хуршед, оқои Муинро дар иҷрои бархе аз таронаҳояш ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Аммо оқои Муин дар нахустин рӯзи сафар ба Тоҷикистон, аз шаҳри Ҳисор дидан карда ва бо манотиқи хушманзараи ин водӣ ва ёдгории таърихии "Қалъаи Ҳисор" ошно шудааст. 

Зимнан, Муин аз машҳуртарин овозхонони эронӣ аст, ки сурудаҳои ӯ дар байни куллия форсизабонони ҷаҳон аз маҳбубияти вижае бархурдор аст. Муин дар маҳаллаи Наҷафободи шаҳри Исфаҳони Эрон ба дунё омадааст ва суруди "Бозам мехом ба Исфаҳон баргардам" далели муҳаббат ва самимият ва дустдории ӯ ба зодгоҳаш аст. Вай соли 1982 аз Эрон ба шаҳри Лос - Анҷелеси Омрико муҳоҷират кард ва дар Омрико ва Урупо низ маҳмубият касб намуд.

То ҳол вай ба тарафдоронаш 23 албуми тарона таҳқид кардааст. Ҳаводорони сурудҳои Муин дар Тоҷикистон хеле зиёданд ва умедворанд, ки кунсерти ин овозхони саршинос то дер дар хотирҳо боқӣ хоҳад монд. Ин дар ҳолест, ки созмондиҳандагони консерти Муин эълом кардаанд, ки куллия билетҳо барои рӯзҳои баргузории ин барнома фурӯхта шудаанд. Қаблан эълом шуда буд, ки қимати билет ба консерти Муин аз 100 то 200 сомонӣ ё муъодили ҳудуди 40 дулори омрикоӣ баҳо дорад.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi