09:54:05 10-уми Феврали 2026 сол

Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар самти таҳдидҳои замони муосир тақвият медиҳанд

Масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқӣ байни Тоҷикистон ва Амрико зимни мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

5 tajikistan usa 65988745548787Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуда, барои рушди минбаъдаи он изҳори омодагӣ намуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқӣ, инчунин мубодилаи таҷриба ва иттилоот оид ба мушкилот ва таҳдидҳои муосир дода шуд.

Ҷонибҳо аҳамияти талошҳои муштаракро дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои киберӣ таъкид намуда, зарурати таҳкими ҳамкории ҳуқуқӣ барои таъмини амният ва суботи минтақавиро муҳим арзёбӣ намуданд.

​Дар маҷмуъ вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ гузашта, қадамҳои минбаъда барои таҳкими ҳамкории дуҷониба муайян карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ