09:38:56 26-уми Июни 2025 сол

Дар Риёз музокироти ҳайатҳои Русия ва Амрико идома дорад

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ва ёвари Раисиҷумҳури Федератсияи Русия Юрий Ушаков имрӯз вориди Риёз шуданд, ки бо ҳайати Амрико мулоқот мекунанд. Ушаков хабар дод, ки раиси Хазинаи сармоягузории мустақими Русия Кирилл Дмитриев метавонад бо намояндагони Русия барои баррасии масоили иқтисодӣ ҳамроҳ шавад.

russia usa konference 2554875454Дар Риёз музокироти ҳайатҳои Русия ва Амрико оғоз шуд. Гуфтушунидҳо дар яке аз қасрҳои хонадони шоҳона – Дирия дар маҷмааи Албасатин ҷараён доранд.

Ба ҳайати ИМА котиби давлатӣ Марко Рубио, мушовири амнияти миллии ИМА Майк Уолз ва фиристодаи вижа дар Ховари Миёна Стив Виткофф шомиланд.

Дар ин дидор тарҳи эҳёи куллияи равобити дуҷониба, ҳамчунин омодагӣ ба нишасти раҳбарони Русия ва Амрико ва музокироти эҳтимолӣ дар бораи ҳалли қазияи Украина баррасӣ мешавад.

Владимир Путин ва Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбеи гузашта гуфтугӯи телефонӣ доштанд, ки тақрибан якуним соат идома кард. Раҳбарон масоили марбут ба табодули шаҳрвандони Русия ва Амрико ва ҳалли вазъ дар Украинаро баррасӣ карданд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ