01:59:36 08-уми Июни 2025 сол

РУСИЯ ФИНЛАНДИЯ ВА ШВЕТСИЯРО АЗ ПАЁМАДҲОИ ПАЙВАСТАН БА НАТО ҲУШДОР ДОД

Русия ба Шветсия ва Финландия ҳушдор додааст, ки агар онҳо ба НАТО ворид шаванд, оқибатҳои нохуб хоҳад дошт. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор доштааст, хабар медиҳад ТАСС.

3 finladia shetsia-natoБа гуфтаи вай, Иттиҳодияи Аврупо дар зери фишори Иёлоти Муттаҳида муддати тӯлонӣ кӯшиш мекунад, ки Шветсия ва Финландияро ба Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ҷалб кунад ва "тадбирҳои гибридӣ дар зери пардаи машқ ё тамринҳо" анҷом диҳад.

“Мо ҳама огоҳиҳои худро ҳам ошкоро ва ҳам тавассути каналҳои дуҷониба додем. Онҳо дар ин бора медонанд, бинобар ин ҳеҷ чизи ҳайратовар нест. Онҳо аз ҳама чиз огоҳ карда шуданд, ки ин ба чӣ оварда мерасонад", -гуфт Захарова.

Шветсия ва Финляндия якҷоя бо дигар кишварҳои Аврупо мунтазам дар лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи мудофиа ва амният иштирок мекунанд, аммо онҳо чун анъана давлатҳои бетараф мебошанд. Финландия аз замони шикасти меҳвар дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мақоми ба блокҳо ҳамроҳ нашудани худро нигоҳ дошт, дар ҳоле ки Шветсия беш аз 200 сол сиёсати бетарафиро ҳамчун принсипи асосӣ нигоҳ медорад.

Аз ин пеш хабар дода шуда буд, ки намояндагони партияҳои коммунистии Шветсия ва Финляндия ба муқобили ба иттифоқи Атлантикаи Шимолӣ дохил шудани мамлакатҳои худ баромад мекунанд.

gazeta.ru

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854