22:44:44 07-уми Июни 2025 сол

ВОЛОДИН ПЕШНИҲОДИ БАРКАНОРИИ ҶОЗЕП БОРРЕЛРО КАРД

Сардори хадамоти дипломатии Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеп Боррел бояд фавран барканор шавад. Дар ин бора Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия изҳор дошт. Ҳамин тариқ, вай ба изҳороти баланду бепояи сиёсатмадори ғарбӣ, ки бори аввал дар таърихи Иттиҳодияи Аврупо хостори ҳалли низомии низоъ шуд, вокуниш нишон дод. Ин изҳоротро Ҷозеп Боррел дар ҷараёни сафараш ба Украина гуфтааст.

1 volodin 212154Володин диққатро ба он ҷалб намуд, ки бо роҳи дипломатия ҳал кардани проблема вазифаи Боррел мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҷанг то охирин украинӣ ба сиёсати расмии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО табдил ёфтааст.

Раиси Думаи давлатӣ қайд кард, ки аз худи аввал ба ҳама маълум буд, ки Вашингтон ва Брюссел ба Киев чӣ нақш гузоштаанд. Имрӯз Ғарб ҳадафи худро, ки солҳо боз ба сӯи он меравад, Украинаро бо силоҳ таъмин мекунад ва идеологияи фашистиро дастгирӣ мекунад, ошкоро эълон кард.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова низ суханони Боррелро шарҳ дод. Ба гуфтаи вай, Иттиҳодияи Аврупо ба шӯъбаи равобити иқтисодии НАТО табдил ёфтааст.

Вести.ру

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854