02:39:17 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Обу ҳавои шанбе, 17-уми август

Таҳлили омори гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар нишон медиҳад, ки рӯзи шанбе дар саросари кишвар ҳавои гарм дар назар дошта шудааст. Аммо гармии ҳаво ҳам шабона ва ҳам рӯзона дар аксар минтақаҳо коҳиш меёбад. Ба назар мерасад баъди нимаи дуюми моҳи август ҳарорати ҳаво дар кишвар тағйир меёбад ва гармиҳои тоқатфарсо ҷойи худро ба ҳавои нисбатан муътадил медиҳанд. Пагоҳро Тоҷикистон бе бодҳои пуршӯр сипарӣ хоҳад кард.

obuhavo 12124545Бино ба гузориши созмони ҳавошиносии кишвар ҳавои шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми август чун ду рӯзи пеш камабр асту бебориш, вале чангу ғубор ҳамоно боқӣ мемонад. Ҳарорат шабона 12+14°, рӯзона 31+33° гарм мешавад. 

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст ва ҳарорат дар водиҳо шабона 11+16°, рӯзона 29+34° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 8+13°, рӯзона 23+28° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво мисли дирӯз камабр асту бебориш, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 30+32° гарм мешавад. Чуноне дида мешавад, гармии ҳавои шаҳри Хуҷанд дар ин ду рӯз бетағйир мондааст.

Дар вилояти Суғд – ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18°, рӯзона 29+34° гарм, ҳавои ноҳияҳои кӯҳӣ тадриҷан рӯ ба сардӣ меорад. Шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5+10°, рӯзона 20+25° гарм мешавад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ низ ҳаво тағйирёбандаву бебориш аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 9+11°, рӯзона 28+30° гарм мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб низ бориш намешавад, шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4°, рӯзона 17+19° гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаву бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13°, рӯзона 28+33° гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+4°, рӯзона 14+19° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон – ҳавои камабри бебориш,дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16+21° гарм, рӯзона 31+36° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16° гарм, рӯзона 24+29° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст, чангу ғубор боқӣ мемонад.   Ҳарорати ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 33+35° гарм мешавад. 

Дар шаҳри Кӯлоб ҳавои камабри бебориш, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 32+34° гарм мешавад. 

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво камабр асту бебориш. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16+21°, рӯзона 31+36° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16°, рӯзона 24+29° гарм мешавад.

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi