01:06:53 07-уми Июни 2025 сол

Тасаллияти Пешвои миллат ба наздикону пайвандони шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир

Имрӯз 1 майи соли 2018 соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.

bozor-sobir-65521455445Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуданд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст.

Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст.

Ёди ӯ, сухани волову нотакрори шоири халқ- Бозор Собир то абад дар ёди мардум боқӣ хоҳад монд».

Ҷасади Бозор Собир ба Ватан оварда мешавад

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш доданд, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Ватан оварда, дар шаҳри Душанбе ба хок супоранд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854