09:09:34 06-уми Июни 2025 сол

«Нақши ӯ дар синаву дар ёдҳост»

Таҳти ҳамин унвон нашриёти «Сино»-и пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоберо ба нашр расондааст, ки мураттибони он устодони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул ва дотсент Муҳриддин Низомов мебошанд.

naqsh-5689555656Ҳамон тавре, ки муаллифон дар китоб навиштаанд « ин маҷмӯа фарогири матолибест, ки аз ҷониби шахсиятҳои касбу кори гуногун дар сӯги Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, узви вобасти Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Худоӣ Шарифзода навишта шудаанд. Муаллифон нигоштаҳояшонро дар қолаб ва мавзуъҳои гуногун: сӯгнома, номаи таслият, ҳамдардиҳо ба унвони аъзои хонавода ва шогирдон, пайёмҳои инфиродӣ, марсия ва андешаҳо иншо кардаанд, ки ба тартиб дар ин китоб ҷой дода шудаанд. Ҳамчунон, гузоришҳо аз нишастҳои тахассусӣ оид ба ёдмони устоди равоншод ва ёду хотираи эшон мундариҷаи китобро такмил кардаанд».

Китоб барои доираи васеи алоқамандони осор ва рӯзгори шодравон Худоӣ Шарифзода ва умуман адабиёти тоҷик хеле арзишманду муфид аст.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854