12:43:58 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Зиёрати мақбараи Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ

1 3

Фироқи дӯст агар андак аст, андак нест,

Даруни дида аммо, ними мӯе бисёр аст.

Ин байти пандомӯз медонед моли кӣ ҳаст, дӯстони азиз? Шояд на ҳама. Бале, аз абармарде, ки ҳамагӣ як ҳафта пеш дар шаҳри бостонии Хуҷанди азиз ба зиёрати мақбараи пурнураш, шукронаи Худои бузург, ки маро мушарраф кард. Байти Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ. Номи аслиаш шайх Бадеъуддини Нурист. Дар соли 1133-и мелодӣ дар маҳаллаи Нурии шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Дар баъзе китобҳо ӯро зодаи Маккаи Мукаррама ва аз бозмондагони Расули Акрам Муҳаммади Мустафо (с) донистаанд, ки баъдҳо барои мунташири дини мубини Ислом Ба Мовароуннаҳр меояд.

Тибқи китоб «Маноқиб»-и Шайх Маслиҳатдин дар ҷавонӣ дар Бухорои шариф таҳсил намудааст ва ба тариқати сӯфиён пайвастааст. Сипас бо Шайх Наҷмиддини Кубро, ки бо тахаллуси «Валитарош» машҳур асту асосгузори тариқати Кубравия дар тасаввуф мебошад, борҳо ҳамсуҳбат мешаваду аз донишҳои ӯ баҳравар мегардад.

Дар китобҳо омадааст, ки Шайх Маслиҳатдин барои ба исломи азиз рӯ овардани қабоили бодиянишини турк хидматҳои зиёдеро анҷом додааст. Ӯ дар назди ҳукуматдорони замонаш дар Хуҷанд аз эътибори баланде бархурдор будааст.

Шеър ҳам менавиштааст. Устод Садриддин Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» зикри хайри ӯро намуда танҳо як рубоиеро намуна меорад, ки Шайх Маслиҳатдин онро дар охирин лаҳзаҳои ҳаёташ гуфтааст:

Аз рахнаи даҳр ҳамчу дуздон ҷастам,

Рахти сафари манзили дигар бастам.

Бар лоша хари вуҷуд будам якчанд,

Гург омаду хар дариду аз ғам растам.

Шайх Маслиҳатдин соли 1223 дар шаҳри Хуҷанд даъвати доии аҷалро лабайк гуфта ба ҷавори Ҳақ мепайвандад. Мақбараи ӯ дар маҳдудаи масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд, ки номи ин бузургворро дорад, зиёратгоҳи пиру ҷавон гардидааст.

Дар ин рӯзи мубораки Ҷумъа дуъо мекунем, ки Худованди бузург руҳи ин бузургворро аз мо шод гардонаду хонаи охираташ биҳишти фирдавс бошад. Омин ё Раббалъоламин!

1 1

1 2

1 4

1 5

1 6

1 7

1 8

 

Аз саҳифаи фейсбуки Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi